+992 (37) 223-17-51
Хабарҳо
Ибрагимов Виктор Мухторович - Маъмури сомонаи расмӣ
Ба истифода додани корхонаҳои саноати дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо иштироки ҳайати меҳмонон корхонаҳои истеҳсоли бомпӯшҳои сохтмонӣ ва битум, банду басти равғанҳои муҳарики автоматҳо бо сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди истифода қарор гирифт.
Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус
20 апрели соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенко баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 апрели соли 2022 дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Миёни МОИ-и Тоҷикистон ва ширкатҳои Санк-Петербург санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд
Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли2020 гардиши савдо байни ду кишвар 973,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нукта зимни мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати соҳибкорони шаҳри Санкт-Петербурги Россия таҳти роҳбарии Марк Руслан дар Душанбе зикр шуд.
Ифтитоҳи 4 корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
14 апрели соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба фаъолияти 4 корхонаи истеҳсолӣ: ҶДММ «Ғаюрсаноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Тоҷпласт-1» ва ҶДММ «Шенси» ифтитоҳ бахшида шуд.
Бақайдгирии ду субъекти нав дар МОИ «Панҷ»
Санаи 26.05.2017 с. дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссияи баррасии бизнес нақшаҳо ду ширакти нав ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба қайд гирифта шуданд.
Самти фаъолияти яке аз ин ширкатҳо ин содироти ангишт ва семент, тиҷорати хариду фуруши маҳсулоти сохтмонӣ мебошад, корхонаи дуюм дилери ширкати УАЗ-и Федератсияи Россия буда, фаъолияти он аз хариду фуруши нақлиёти автомобилҳо иборат мебошад. Бозори фуруши маҳсулотҳо - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Покистон мебошад.