Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкории субъектҳо новобаста аз шакли моликият аз тамоми намуди андозҳое, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод мебошанд.
Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ нақши агентҳои андозро оид ба нигоҳдорӣ ва пардохт ба буҷет иҷро намуда, андозсупорандагони андоз аз даромад ва андози иҷтимоии шахсони воқеъии кормандони субъектони МОИ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Даромади бадастомада ё музди меҳнати сармоягузоронии хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин ҳол аз андоз озод мебошанд.
Андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон |
Андозҳо дар ҳудуи МОИ |
Андоз аз даромад |
Андоз аз даромад* |
Андоз аз фоида |
Андози иҷтимоӣ** |
Андоз аз арзиши иловашуда |
|
Андози аксизи |
|
Андози иҷтимоӣ |
|
Андоз аз истифодаи захираҳои табии |
|
Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард |
|
Андоз аз фуруши пахта ва алюминийи аввалия |
|
Андоз аз воситаҳои нақлиёт |
|
Андоз аз амволи ғайри манқул |
* андоз аз даромад (аз 8 то 13%) нигоҳдошта мешавад аз музди меҳнати коргарон
** андози иҷтимоӣ (25 %) аз фонди музди меҳнат пардохт карда мешавад