Минтақаҳои озоди иқтисодӣ қисми қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Молҳои дар ҳудуди МОИ ҶТ ҷойгирбуда, ҳамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки воридоти мол аз хориҷи кишвар бе пардохти боҷи воридотӣ ва андоз аз арзиши иловашуда андоз сурат гирад.
Воридоти молу маҳсулоти ватанӣ ва хориҷӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва сохтмонӣ дар ҳудуди МОИ бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷараён мегирад.
Ҳангоми интиқоли мол аз ҳудуди МОИ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонида намешавад, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодидошта.
Ҳангоми интиқоли мол аз қаламрави МОИ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ситонида намешавад, андоз аз арзиши иловашуда аз тарафи харидор пардохт карда мешавад.
Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбат ба маҳсулоти истеҳсолшаванда дар МОИ ва воридоти он, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меърии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар карда мешавад.